Вы находитесь на странице: 1из 8

Мавзуъ: «Ташкил ва фаъолияти идорањои нотариати давлатї»

Наќша:
1. Ташкили нотариати давлатї.
2. Идорањои нотариати давлатї.
3. Маќомоти иљроияи њокимияти мањаллї ва фаъолияти нотариалї.
4. Муассисањои консулии Чумњурии Тољикистон ва њаракатњои
нотариалї.
5. Дигар шахсоне, ки тибќи Ќонуни мазкур барои ба љо овардани
амалиёти нотариалї ваколатдор карда шудаанд.

Адабиёт:
1. Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе,
2003.
2. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи натариати давлатї» 16-
апрели соли 2012. №810.
3. Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи
шањрвандии Љумњурии Тољикистон», аз 04.11.1995с., №104.
4. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бољи давлатї, аз 04.03
соли 2004, №24-25,
5. Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон. Ќ.1.2.3. солњои
1999,2000,2005.
6. Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи
соли 2008.
7. Тафсири Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.-
Душанбе: «Эр-граф», 2013. -784 с.

8. Аргунов В.Н. Натариальные услуги населению. М., «Советская


Россия», 1991.
9. Нотариат. 5-е- издание. Под.ред. д.ю.н.проф. Г.Б. Мирзоева. Закон и
права. Москва.2013. – 447с.
10.Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1 парели
соли 2008.

1. Ташкили нотариати давлатї.


Дар Чумњурии Тољикистон барои ба љо овардани њаракатњои
нотариалї идорањои нотариати давлатї ташкил карда мешавад.
Идораи нотариалии давлатї дар Љумњурии Тољикистон аз тарафи
Вазорати адлия дар шањру ноњияњо таъсис ва барњам дода мешавад. Дар
шањрњои калон ва шањрњое, ки дар њудуди худ якчанд ноњияњо доранд,
дар њудуди њар як ноњияи шањр ё як ќисми он метавонанд идорањои
нотариалии давлатии алоњида таъсис дода шаванд.
Дар пойтахти Љумњурии Тољикистон – шањри Душанбе Саридораи
нотариалии давлатии Љумњурии Тољикистон таъсис дода мешавад. Дар
маркази Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ва маркази вилоятњо яке аз
идорањои нотариалии давлатї ба сифати идораи нотариалии давлатии вилоятї
таъсис дода мешавад. Саридораи нотариалии давлатии Љумњурии
Тољикистон, идорањои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кўњистони
Бадахшон ва вилоятњо дар баробари ба љо овардани амалиёти нотариалї,
роњбарии методии идорањои нотариалии давлатии воњидњои марзиву
маъмурии дахлдорро низ анљом медињанд. Ба Саридораи нотариалии
давлатии Љумњурии Тољикистон ва идорањои нотариалии давлатии Вилояти
Мухтори Кўњистони Бадахшон ва вилоятњо маќоми ваколатдор метавонад
ба љо овардани амалиёти нисбатан мураккаби нотариалиро вогузор намояд.
Идорањои нотариалии давлатї шахси њуќуќї набуда, ба сохтори маќоми
ваколатдор дохил мешаванд.
Шумораи кормандони идорањои нотариалии давлатиро дар доираи
фонди музди мењнати муќарраргардида маќоми ваколатдор тасдиќ
менамояд.
Кормандони техникии идорањои нотариалии давлатии Љумњурии
Тољикистон бо тартиби муќарраркардаи маќоми ваколатдор фаъолият
мекунанд (моддаи 13).
Идорањои нотариати давлатї, асосан, дар маркази ноњияњо, шањрњо,
вилоятњо ва дигар нуќтањои серањоли ташкил карда мешавад. Фаъолияти
идорањои нотариати давлатї аз њисоби буљети љумњуриявї таъмин карда
мешавад. Нотариати давлатїаз таркибњои сохтори Вазорати адлияи
Чумњурии Тољикистон буда, (банди 2. ќ. 2-и Низомномаи Вазорати адлияи
Чумњурии Тољикистон), ба дастгоњи марказии Вазорати адлия дохил
намешавад, балки чун идораи ягона амал менамояд. Њамин тавр, идорањои
нотариалии Чумњурии Тољикистон аз тарафи Вазорати адлияи ЧТ ташкил ва
барњам дода мешавад. Дар пойтахти Чумњурї-шањри Душанбе Саридораи
нотариалии љумњуриявї таъсис дода шудааст,ки ба ўњдаи он њамчун
муассисаи аввалияи идораи нотариати давлатї њаллу фасли њаракањои
мураккабинотариалї гузошта шудааст. Дар маркази Вилояти худМухтори
Кўњистони Бадахшон ва дигар вилоятњо яке аз идорањоинотариати давлатї
ба сифати идораи вилоятии нотариалии давлатї таъсис дода мешавад.
Саридораи нотариалии љумњуриявї ва идорањои нотариалии вилоятї дар
баробари ба љо овардани њаракатњои нотариалї, инчунин, ягонагии амалияи
нотариалиро таъмин намуда,таљрибањои фаъолияти нотариалиро меомўзанд,
љамъбаст менамоянд, дар такмили ихтисоси кормандони нотариат ва
тафтиши фаъолияти идорањои нотариалии давлатї иштирок менамоянд (м.3-
и Конуни Чумњурии Тољикистон «Дар бораи нотариати давлатї»).
Чуноне ки дар боло зикр шуд, роњбарии ягона ва марказии идорањои
нотариалии давлатї дар ўњдаи Вазорати адлияи Чумњурии Тољикистон
мебошад. Аз Низомномаи Вазорати ЧТ чунин вазифањои марказии Вазороти
адлияи ЧТ љињати идораи фаъолити маќомоти нотариати давлатї бармеояд:
Вазорати адлия мувофиќи вазифањои ба зиммааш гузошташуда:
- фаъолияти идорањои нотариалї…-ро тафтиш, тањлил ва љамбаст
менамояд, барои баланд бардоштани сатњи хизматрасонии њуќуќї ба
шањрвандон тадбирњо меандешад, трифњои (нархномањои)
хизматрасонињои њуќуќии иловагиро дар идорањои давлатии
нотариалї..тасдиќ менамояд. (банди 10, ќ.7);
-дар бобати баамал баровардани сохтмони асосї ва таъмири биноњои
идорањои давлатии нотариалї.. тадбирњо меандншанд (банди 18, ќ.7);
-ба Президенти ЧТ оид ба масъалањои ташкили идорањои давлати
нотариалї… ва муќаррар намудани шумораи штатии ин маќомот пешнињод
манзур менамояд (банди 7, ќ.11);
-ба роњбарони…нотариусњои давлатї љазои интизомї медињанд (банди
8, ќ.11);
-харљнома ва штатњои идорањои давлатии нотариалї ва архивњои
давлатии нотариалї љумњурирро тасдиќ менамояд (банди 10, ќ.11);
-роњбарони… нотариусњои давлатиро ба кор ќабул ва аз кор озод
менамояд (банди 11, ќ.11);
-Вазорати адлия дар њудуди салоњиятњои худ фармонњо,
дастурамалњо, дастурњои методие интишор месозад, ки иљрои онњо барои
идорњои нотариалї… њатмї мебошад (ќисми 12, б.1);
-дастурамалњо ва њидоятњои Вазорати адлия аз рўи ба љо овардани
амалиётњои нотариалї… барои тамоми вазоратњо, кумитањои давлатї,
идорањо, маќомоти мањаллии њокимияти иљроия, корхонањо, муассисањо,
ташкилотњо ва шањрвандон дар ќаламрави ЧТ њатмї мебошад (банди 2, ќ12).
Њамин тавр, њуќуќи ба љо овардани амалиёти нотариалиро мутобиќи
Ќонуни мазкур шахсони зерин доранд:
- нотариусони давлатие, ки дар идорањои нотариалии давлатї амалиёти
нотариалиро ба љо меоранд (нотариусони давлатї);
- раисони љамоатњои шањрак ва дењот;
- шахсони ваколатдори намояндагињои дипломатї ва консулгарињои
Љумњурии Тољикистон;
- дигар шахсоне, ки тибќи Ќонуни мазкур барои ба љо овардани
амалиёти нотариалї ваколатдор карда шудаанд.
2. Идорањои нотариати давлатї.
Идораи нотариалии давлатї дар Љумњурии Тољикистон аз тарафи
Вазорати адлия ва Хукумати ЧТ дар шањру ноњияњо таъсис ва барњам дода
мешавад. Дар шањрњои калон ва шањрњое, ки дар њудуди худ якчанд
ноњияњо доранд, дар њудуди њар як ноњияи шањр ё як ќисми он метавонанд
идорањои нотариалии давлатии алоњида таъсис дода шаванд.
Нотариусони давлатї амалиёти зерини нотариалиро ба љо меоваранд:
- ањдњо (шартномањо, васиятномањо, ваколатномањо, ўњдадорињо ва
дигар ањдњо) - ро тасдиќ мекунанд;
- васиятномањои махфиро ќабул ва эълон менамоянд;
- ваколати иљрокунандаи васиятномаро тасдиќ менамоянд;
- барои њифзи молу мулки меросї чорањо меандешанд;
- шањодатномањои њуќуќ ба мерос медињанд;
- шањодатномањои њуќуќи моликиятро ба њиссаи молу мулки
муштараки зану шавњар медињанд;
- дурустии нусхаи њуљљатњо ва иќтибоси аз онњо гирифташударо
тасдиќ менамоянд;
- аз соњибї соќит кардани молу мулки ѓайриманќулро манъ ва бекор
мекунанд;
- аслияти имзоњои дар њуљљатњо гузошташударо тасдиќ мекунанд;
- дурустии тарљумаи њуљљатњоро аз як забон ба забони дигар тасдиќ
мекунанд;
- воќеияти дар њаёт ё дар љойи муайян будани шахсро тасдиќ мекунанд;
- айнияти шахсро бо шахси дар сурат аксёфта тасдиќ менамоянд;
- ваќти пешнињод намудани њуљљатњоро тасдиќ мекунанд;
- аризаи шахсони воќеї ва њуќуќиро ба дигар шахсони воќеї ва њуќуќї
месупоранд;
- маблаѓи пулї ва коѓазњои ќиматнокро ба амонат (депозит) ќабул
мекунанд;
- навиштаљоти иљроияро ба љо меоваранд;
- эътирозњоро оид ба векселњо ба љо меоваранд;
- чекњоро барои пардохт пешнињод мекунанд ва напардохтани чекњоро
тасдиќ менамоянд;
- њуљљатњоро барои мањфуз доштан ќабул мекунанд;
- далелњоро таъмин мекунанд;
- шањодатномањо дар бораи њуќуќи моликият медињанд;
- эътирозњои бањриро ба љо меоваранд;
- розигии зан ё шавњарро вобаста ба ањде, ки шакли нотариалиро талаб
мекунад, тасдиќ мекунанд.
Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон метавонад ба зиммаи
нотариусњои давлатї иљрои дигар амалиёти нотариалиро вогузор намояд.
Дар пойтахти Љумњурии Тољикистон – шањри Душанбе Саридораи
нотариалии давлатии Љумњурии Тољикистон таъсис дода мешавад. Дар
маркази Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ва маркази вилоятњо яке аз
идорањои нотариалии давлатї ба сифати идораи нотариалии давлатии вилоятї
таъсис дода мешавад. Саридораи нотариалии давлатии Љумњурии
Тољикистон, идорањои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кўњистони
Бадахшон ва вилоятњо дар баробари ба љо овардани амалиёти нотариалї,
роњбарии методии идорањои нотариалии давлатии воњидњои марзиву
маъмурии дахлдорро низ анљом медињанд. Ба Саридораи нотариалии
давлатии Љумњурии Тољикистон ва идорањои нотариалии давлатии Вилояти
Мухтори Кўњистони Бадахшон ва вилоятњо маќоми ваколатдор метавонад
ба љо овардани амалиёти нисбатан мураккаби нотариалиро вогузор намояд.
Идорањои нотариалии давлатї шахси њуќуќї набуда, ба сохтори маќоми
ваколатдор дохил мешаванд.
Шумораи кормандони идорањои нотариалии давлатиро дар доираи
фонди музди мењнати муќарраргардида маќоми ваколатдор тасдиќ
менамояд.
Кормандони техникии идорањои нотариалии давлатии Љумњурии
Тољикистон бо тартиби муќарраркардаи маќоми ваколатдор фаъолият
мекунанд.
3. Маќомоти иљроияи њокимияти мањаллї ва фаъолияти нотариалї.
Мутобиќи ќонунгузории ЧТ љамоатњои шањрак ва дењот ба зумраи
маќоиотњое шомил мегарданд, ки ќисме аз амалиёти нотариалиро анљом
медињанд. Ин тартиб дар ќонуни ЧТ Дар бораи нотариати давлатї аз 16
апрели соли 2012 ба таври муфассал зикр гардидааст.
Амалиёти нотариалие, ки раисони љамоатњои
шањрак ва дењот ба љо меоваранд
Раисони љамоатњои шањрак ва дењот амалиёти зерини нотариалиро ба
љо меоваранд:
- васиятномањоро тасдиќ мекунанд;
- ваколатномањоро, ба истиснои ваколатнома оид ба идора ва
ихтиёрдорї кардани воситањои наќлиёт, молу мулки ѓайриманќул
тасдиќ мекунанд;
- дурустии нусхаи њуљљатњо ва иќтибоси аз онњо гирифташударо
тасдиќ мекунанд.
Раисони љамоатњои шањрак ва дењот њуќуќ надоранд њуљљатњоеро,
ки барои истифода берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон пешбинї
шудаанд, тасдиќ намоянд.

4. Муассисањои консулии Чумњурии Тољикистон ва њаракатњои


нотариалї.
Амалиёти нотариалие, ки шахсони ваколатдори
намояндагињои дипломатї ва консулгарињои Љумњурии Тољикистон ба
љо меоваранд.
1. Шахсони ваколатдори намояндагињои дипломатї ва консулгарињои
Љумњурии Тољикистон амалиёти зерини нотариалиро ба љо
меоваранд:
- ањдњо (шартномањо, васиятномањо, ваколатномањо ва ѓайрањо)-ро
тасдиќ менамоянд, ба истиснои шартномањо дар бораи молу мулки
ѓайриманќул, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон воќеанд;
- бо супориши нотариуси давлатї барои њифз ё идоракунии молу мулки ба
меросмонда чорањо меандешанд;
- шањодатномањои њуќуќи моликиятро ба њиссаи молу мулки муштараки
зану шавњар медињанд;
- шањодатномањои њуќуќ ба мерос медињанд;
- аслияти имзоњои дар њуљљатњо гузошташударо тасдиќ мекунанд;
- дурустии нусхаи њуљљатњо ва иќтибоси аз онњо гирифташударо тасдиќ
мекунанд;
- воќеияти дар њаёт ё дар љойи муайян будани шахсро тасдиќ мекунанд;
- ваќти пешнињод намудани њуљљатњоро тасдиќ мекунанд;
- маблаѓи пулї ва коѓазњои ќиматнокро ба амонат (депозит) ќабул
мекунанд;
- навиштаљоти иљроияро ба љо меоваранд;
- њуљљатњоро барои мањфуз доштан ќабул мекунанд;
- далелњоро таъмин мекунанд;
- эътирозњои бањриро ба љо меоваранд.
2. Дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мумкин аст, ки дигар
амалиёти нотариалие пешбинї карда шаванд, ки шахсони ваколатдори
намояндагињои дипломатї ва консулгарињои Љумњурии Тољикистон ба
љо меоваранд.
5. Дигар шахсоне, ки тибќи Ќонуни мазкур барои ба љо овардани
амалиёти нотариалї ваколатдор карда шудаанд.
Дар моддаи 4-и Конуни ЧТ «Дарбораи нотариати давлатї» ашхоси
баљоовардаи амалиёти нотариалї зикр шудааст. Дар ин мода дар ќатори
идорањоинатариатї давлатї, маќомоти њокимияти мањаллї-раисони
Чамоатњои шањрак ва Чамоати дењот, муассисањои консулгарии
ЧТ,инчунин, ашхоси мансабдори дар Кодекси граждании ЧТ зикршуда, низ
њамчун татбиќкунандагонињаракатњои нотариалїномбар шудаанд. Дар
ќисми 3 ва 4-и моддаи 21-и Кодекси граждании ЧТ муќаррар шудааст, ки ба
ваколатномањои аз тарафи нотариуси давлатї тасдиќшуда ваколатномањои
зерин баробар (аз диди арзиш ва бањои њуќуќї) дониста мешаванд:
1. Ваколатномоњои хизматчиёни њарби ва ашхоси дигари дар
беморхонањои њарбї, муассисањои дигари њарбї табобатї
муолиљашаванда,ки аз љониби сардори чунин муассиса, муовини ў оид ба
ќисми тиббї, сардухтур ё духтури навбатдор тасдиќ шудааст.
2. Ваколатномаи хизмачиёни њарби ва дар мањалњои љойгиршавии
ќисмњо, љузъу томњо, муассисањои њарбї ва таълимгоњњои њарбї, ки
идорањои нотариалї ва маќомоти дигари анљомдињандаи амалиёти нотариалї
надоранд, инчунин, ваколатномаи коргарону хизмачиён, аъзои оилањои онњо
ва аъзои оилањои хизмачиёни њарбї, ки аз љониби командир(сардор)-и ин
ќисм, љузъи том, муассиса ё таълимгоњ тасдиќ шудаанд.
3. Ваколатномаи ашхоси дар љойњои аз озоди мањрумшуда
ќарордошта, ки аз љониби сардори мањбасхонаи дахлдор тасдиќ карда
шудааст.
4. Ваколатномаи шањрвандони болиѓи ќобили амали дар муассисањои
њифзи иљтимоии ањолї ќарордоштае, ки аз љониби маъмурияти ин муассиса
ё роњбари (муовини ў) маќоми дахлдори њифзи иљтимоии ањолї тасдиќ
гардидааст.
5. Ваколатнома барои гирифтани музди мењнат ва пардохтњои дигари
марбут ба муносибатњои мењнатї, барои гирифтани мукофотпулии
муаллифону ихтироъкорон, нафаќаю ёрдампулї ва стипендия, пасандози
шањрвандон дар бонкњо ва барои гирифтани муросилот, аз љумла интиќоли
пулї ва амворлї аз љониби ташкилоте, ки ваколатдињанда дар он кор ётањсил
мекунад, ташкилоти истифодаи манзилгоњи мањалли зисти ў ва маъмурияти
беморхонае, ки дар он ў муолиља мегардад, тасдиќ карда шудааст.
6. Ваколатнома аз номи шахси њуќуќї бо имзои роњбари он ё шахси
дигари тибќи њуљљатњои таъсисї ба ин кор ваколатдорї он ва гузоштани
муњри ин ташкилот.
7. Ваколатнома аз номи шахси њуќуќї бо моликияти давлатї асос ёфта,
ки барои гирифтан ё додани пул ва неъматњои дигари амволї аз љониби
сармуњосиб имзо карда шудааст.
Бо вуљуди чизњои дар боло ќайдгардида, њуљљатњои маќомотњои
фавќузикр , умуман ба њуљљатњои ба таври нотариалї тасдиќшуда баробар
карда мешаванд:
- васиятнома ва ваколатномањои хизматчиёни њарбї дар минтаќањои
љойгиршавии ќисмњои њарбї, таълимгоњњои њарбї ва дигар сохторњои
њарбї, ки дар он љо нотариуси давлатї ва шахсони мансабдори ваколатдори
иљрокунандаи амалиёти нотариалї нестанд, њамчунин васиятнома ва
ваколатномаи коргарон, хизматчиён, ањли оилаи онњо, ањли оилаи
хизматчиёни њарбие, ки дар он љо зиндагї мекунанд ва аз љониби
командирони (сардорони) ин ќисмњои њарбї ва таълимгоњњо тасдиќ карда
шудаанд;
- васиятнома ва ваколатномаи шахсони дар љойњои мањрум сохтан аз
озодї ќарордошта, ки аз тарафи сардорони ин муассисањо тасдиќ карда
шудаанд;
- васиятнома ва ваколатномаи шахсоне, ки дар киштињои бањрї шино
карда истодаанд ё дар киштињои обии тањти Парчами Љумњурии
Тољикистон шинокунанда, ки аз тарафи капитанњои ин киштињо тасдиќ
карда шудаанд;
- васиятнома ва ваколатномаи шахсони дар экспедитсияњои љустуљўї
фаъолияткунанда, ки аз љониби сардорони ин экспедитсияњо тасдиќ карда
шудаанд;
- дигар њуљљатњое, ки бо тартиби пешбининамудаи ќонунгузории
Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шудаанд.
Васиятномањои тасдиќшавандаи дар моддаи мазкур пешбинишударо
бояд васияткунанда дар њузури як шоњид имзо намояд ва шоњид низ бояд
дар ин васиятнома имзо гузорад. (моддаи 35)

Саволњои санљишї:
1. Маќомоти нотариат дар ЧТ аз тарафи ки тиъсис дода мешавад?
2. Кадом намуди амалиёти нотариалиро раисони љамоатњои шањрак
ва дењот њуќуќи анљом додан надоранд.
3. Берун аз њудуди ЧТ амалиёти нотариалиро ки анљом медињад?