Вы находитесь на странице: 1из 8

Мавзўи 8. Принсипи суперпозитсия.

Симметрия дар табиат


Наќша:
1. Симметрия ва асимметрия
2. Подшоњии ададњо. Ададњои Фибоначчи
3. Бурриши тиллої – ќонуни нишонаи мавзуният дар табиат

1. Симметрия ва асимметрия
Агар ба табиати зинда ва ѓайри зинда назар намоем тартибот,
мувозинат ва њамоњангї (гармония)–ро бештар мушоњида менамоем. Ин
бо симметрия вобаста аст. Симметрия аз калимаи юнонї гирифта шуда,
маънояш мувофиќат, таносуб, зебогї аст. Симметрия ин аломати пуррагї
ва камолоти материя мебошад. Агар объектњои табиат элементњои
симметрия надошта бошанд, дар онњо камолот, зебогї ва мавзуният дида
намешавад. Дар њамаи соњањо симметрия дида мешавад. Инчунин дар
растанињо, њайвонот ва инсоният низ симметрия дида мешавад. Дар сохти
барги растанињо, сохти организми њайвонњо ва инсоният симметрия
љойгир шудаанд.
Аз даврањои ќадим рассомон ва омўзгорон дар корњои ороишї, наќшу
нигор ва кашидани расми манзарањои табиат ва инсон аз ќонуниятњои
симметрия васеъ истифода мебаранд. Дар санъат њаракатњои симметрии
раќќосон асоси раќсро ташкил медињанд. Бисёр аз фигурањои геометрї
квадрат, куб, курра, конус, пирамида, силиндр ва ѓайра нуќта, тир ва
њамвории симметрї доранд. Наќшу нигор дар тахтасангњо, зардеворњо ва
деворњои хонањо асосан аз фигурањои геометрї иборат буда, симметрї
љойгир шудаанд.
Симметрия дар архитектура, техника, физика, назарияи наќшу нигор
васеъ истифода бурда мешавад.
Бояд ќайд намоем, ки назарияи симметрия ин мањсули аќли инсоният
буда, дар олами бетартиб мављудияти ботартибро муайян мекунад.
Ба ѓайр аз симметрия мафњумњои асимметрия, дисимметрия ва
антисимметрия мављуд аст.
Асимметрия – ин њолате ки симметрия мављуд нест. Дар олами
объективии вайроншавии мувозинат, гармония љой дорад, ки онро
асимметрия мегўянд. Дар сатњњои гуногуни тараќќиёти материя гоње
симметрия (тартиби нисбї) гоње асимметрия љой дорад. Дар табиати
ѓайризинда бештар симметрия љой дошта, дар табиати зинда (дар сатњи
макроолам) бештар асимметрия љой дорад.
Дисимметрия – ин њолате, ки баъзе элементњои симметрия љой
надорад.
Антисимметрия – ин њолате, ки тамоман симметрия мављуд нест.
Масалан, заррачањо–антизаррачањо, сиёњ–сафед, барљаста–фурўхамида,
васеъшавї–фишурдашавї ва њоказо.
Дар симметрия чунин амалњо мављуданд:
1) Инъикос нисбат ба њамвории симметрї;
2) Гардиш дар атрофи тири симметрї;
3) Инъикос нисбат ба маркази симметрия;
4) Параллелкўчонї;
5) Даврзании винтї;
6) Симметрияи монандї (њар як организми зинда ќобилияти такрор
намудани организми ба худ монандро дорад).
1. Инъикос нисбат ба њамвории симметрї. Мафњуми инъикос ин
маљмўи нуќтањое ки барои фазои сеченака њамвориро ташкил медињад. Ин
мафњум њангоми тасвири шакл чунин объектро истифода мебарад ки
њангоми амалњо ба худаш инъикос мешавад (расми 1)
2. Гардиш дар атрофи тири симметрї. Намуди зоњирии наќшу нигор
њангоми гардиш кардан дар атрофи тири симметрї таѓйир
намеёбад. Барг ва гулњои бисёр растанињо мисоли чунин симметрия
мебошад ки њангоми гардиш кардан дар атрофи тири симметрї ба
худаш мубаддал мегардад (расми 2)
3. Инъикос нисбат ба маркази симметрия. Мисоли ин симметрия кура
мебошад. Асосан дар атмосфера ин ќатрањои абр, дар гидросфера
микроорганизмњои гуногун мебошад. (расми 3)
4. Параллелкўчонї. Параллелкўчонии шаклњо ба ягон масофа-ин
дилхоњ наќшу нигори бемањдуд такроршаванда мебошад. Вай
якченака, дученака ва сеченака мешавад. Инчунин дар навиштани
сурудњо низ ин хосият истифода бурда мешавад (хусусан дар
сурудњои бачагона)

Расми 1. Расми 2
Расми 3 Расми 4

5. Симметрияи монандї. Симметрияи монандї ин инъикоси шаклњо


дар њамворї буда, онњо дар як ваќт бо афзуншавї ва камшавии масофаи
байни нуќтањои ин шаклњои монанд вобаста мебошад. (расми 5 ва 6)

Расми 5 Расми 6
Умуман симметрия структураи олами материалиро муайян мекунад.
Чунин принсипњои симметрия мављуд аст:
1) Иваз намудани нуќтаи сарњисоб ќонуни физикаро иваз намекунад;
2) Даврзании системаи њисоб ќонуни физикаро иваз намекунад;
3) Иваз намудани системаи њисоб ба самти ваќт ќонунњои физикаро
иваз намекунад;
4) Иваз намудани системаи инерсионалї ќонунњои физикаро иваз
намекунад. Ин принсип аксиомаи асосии назарияи нисбии Эйнштейн
мебошад.
5) Дар ваќти иваз намудани заррачањо бо антизаррачањо ќонуни
физика таѓйир намеёбад.

2. Подшоњии ададњо. Ададњои Фибоначчи


Аз даврањои Юнони ќадим оѓоз намуда, олимон ба ададњо ањамияти
махсус медоданд. Пифагор мегуфт, ки ададњо оламро идора мекунанд.
Мувофиќи гуфтањои Плутон олами реалї дар асоси ададњо ва принсипњои
математика сохта шудааст. Масалан, панљкунљаро фигураи муќаддас,
илоњї шуморида, аломати њаёт ва мавзуният мењисобиданд. Юнониён
панљ бисёррўяњои мунтазам – куб, тетраэдр, октаэдр, икосаэдр ва
додекаэдро њамчун хиштњои элементарие њисоб менамуданд, ки аз онњо
олами материалї сохта шудааст. Панљто бисёррўяњои мунтазам
хосиятњои симметрияро доранд (расми 7)

расми 7

Соли 1202 математикаи итолиёвї Леонардо Фибоначчи дар ваќти


њалли масъала дар бораи афзоиши харгўшњо пайдарпаии ададњои зеринро
кашф намуд, ки њамчун ададњои Фибоначчи машњур аст:
0, 1, 1, 2, 3, 5, 8, 13, 21,…
И. Кеплер (1571–1630) ба ин ќатор дар ваќти сохтани модели системаи
офтобї вохўрдааст. Дар ботаника барои муайян кардани љойгиршавии
баргњо дар шохчањои нињол аз пайдарпаии ќаторњои касрї
1 1 2 3 8 13
, , , , , , ... истифода мебаранд, ки аз ќатори ададњои Фибоначчи
2 3 5 8 13 21
сохта шудаанд. Бояд ќайд намоем, ки пайдарпаи ададњои
2 3 5 8 13 21 1 5
, , , , , , ... ба адади  1,66  наздик мешаванд. Ин ададро
1 2 3 5 8 13 2
бурриши тиллої меноманд (расми 8)
Расми 8

3. Бурриши тиллої – ќонуни нишонаи мавзуният дар табиат


Яке аз ќонунњои нишонаи мављудият (гармония) дар табиат ин буриши
тиллої мебошад. Пифагор аввалин шуда ба таќсимоти гармоникии порча
эътибор додааст.

А М В

Дар порчаи АВ нуќтаи М–ро чунон мегирем, ки


ab a
АВ  а, МВ  b ва 
a b
аст. Дар ин њолат,
ab  b 2  a 2 ,
b 2  ab  a 2  0,
D  a 2  4 a 2  5a 2 ,

b
 a  5a a 5  1
 ,
 
2 2
a

2


2 1 5 1 5
 .

b 5 1 4 2
a 1 5
Яъне,   1,61803398875...
b 2
Соли 1509 аз тарафи олими итолёвї Лука Пачоли китоби «Оид ба
таносуби илоњї»–ро чоп намуд, расмњои китобро дўсти наздикаш рассоми
машњури итолёвї Леонардо да Винчи иљро намудааст. Ба ин таќсимоти
гармоникии порча Леонардо да Винчи бурриши тиллої ном гузоштааст.
Муносибатњои фазогии объектњои фазогї, инсон, сохтмонњои
архитектурї, растанињо, њайвонњо ва ѓайрањо бо бурриши тиллої зич
алоќаманд аст.
Дар инсон бурриши тиллої – ин нисбати ќади инсон ба масофа аз пой
то ноф, нисбати дарозї ва бари рўи инсон ва њоказо.
Дар астрономия нисбат ба даврањои сайёрањои њамсоя таќрибан ба 1,6
ё 2·1,6=3,2 баробар аст.
Дар ботаника дидан мумкин аст, ки дар байни ду барг барги сеюм дар
нуќтањои бурриши тиллої љойгир аст.
Мусиќашиносони муосир дар асарњои Бетховен, Бах ва Шопен
бурриши тиллоиро ошкор намуданд.
Аз ќоидаи бурриши тиллої бар меояд ки чї хеле ки калон ба хурд
муносибат дорад, њамон хел бутун ба калон муносибат дорад:.
Дар куљое ки адади Фибоначчи   1,6... вомехўрад, дар он љо зебогї
ва мавзуният дида мешавад.

Истифодаи буриши тиллої њангоми сохтани дизайни логотипњо


Ќайд намудан лозим аст, ки истифодаи буриши тиллої дар
коркардњои замонавї (махсусан дар сохтани дизайн) васеъ истифода
бурда мешавад. Мисоли истифодаи буриши тиллої аз тарафи ширкатњои
брендњои машњур барои сохтани логотипњо.
Яке аз ширкати машњури љањон Apple даврањои пайдарпаии ададњои
Фибоначчиро барои сохтани логотипи худ истифода бурдааст (расми 9).

расми 9
Логотипи Toyota нисбати a ба b-ро истифода мебарад ки кадоме аз се
давра иборат аст. Бояд дикќат дод ки ин логотип ба љойњои даврањо дар
сохтани бурриши тиллої роткунљањоро истифода бурдааст (расми 10)
Расми 10

Логотипи Pepsi бо ду даврањои буридашаванда сохта шудааст ки яке


аз дигаре калонтар аст. Дар расми нишон додашуда давраи калон
нисбати давраи хурд мутаносибан ба адади 1,6(6) баробар аст. Ба ѓайр аз
Toyota ва Apple, логотипњои баъзе аз ширкатњои машњури чањон ба
монанди BP, iCloud, Twitter, ва Grupo Boticario, инчунин буриши
тиллоиро истифода бурдаанд. (Расми 11)

Расми 11

Чї тавр бурриши тиллоиро дар дизайни матн истифода бурдан лозим аст
Ќоидаи оддии истифодаи буриши тиллої дар навиштани матн аз он
иборат аст, ки андозаи њарфњои чумлањои бо њарфњои калонтар
навишташуда нисбати чумлањои бо њарфњои хурд навишташуда бояд ба
1,6(6) баробар бошад. Мисол, агар андозаи шрифти матн ба 11 баробар
бошад, пас сарлавњаи он бояд бо шрифти андозааш 17 (11*1,6=17) бояд
навишта шавад. Акнун матни навишташуда ба буриши тиллої баробар
аст.

Вам также может понравиться