Академический Документы
Профессиональный Документы
Культура Документы
Шахс ҳақ дорад барои корношоямии муваққатӣ дар тамоми давраи корношоямӣ
кӯмакпулӣ гирад, вале он дар мавриди бемориҳои фитрӣ низ набояд аз 4 моҳ зиёд
бошад, аммо дар мавриди гирифторӣ ба касалии сил набояд аз 12 моҳ зиёд
бошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки андозаи кӯмакпулӣ аз андозаи музди
ҳармоҳаи меҳнат набояд зиёд бошад. Кӯмакпулӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва
таваллуди кудак дар сурати пешниҳод кардани шаҳодатнома дар бораи таваллуд
дода мешавад. Ин кӯмакпулӣ дар ҳаҷми пурраи музди меҳнат дар давраи рухсатӣ
дода мешавад, ки 70 рузи тақвимиро то ва 70 рӯзи тақвимиро баъди таваллуд
фаро мегирад.